«Истиқлол» (Душанбе) дар Тошканд се бозии санҷишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе- чемпиони Тоҷикистон бо дастаи лигаи олии Ӯзбекистон- «Металлург»-и Бекобод бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин бозии охирини санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии «Истиқлол» дар Тошканд дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и шаҳри Тошканд бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳисобро дар дақиқаи 15-уми бозӣ Ислом Исҳоқҷонов, бозингари дастаи футболи «Металлург» кушод. Дар дақиқаи охирини дидор Дилшод Восиев, ки дар нимаи дуюм ба майдон баромад, ҳисобро баробар кард. Ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Тошканд се бозии санҷишӣ анҷом дод.
Дастаи «Истиқлол» аз дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, ду бозиро бо дастаҳои футболи «Машъал»-и Муборак ва «Металлург»-и Бекобод бо ҳисоби якхелаи 1:1 ба анҷом расонид.








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






