Куҳантарин кӯдакистони шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад
ХОРУҒ, 12.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони рақами якуми шаҳри Хоруғ аз нав бунёд мегардад. Директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо» Атоназар Давлатназаров, ки бунёди бинои ин кӯдакистонро бар дӯш дорад, баён дошт, ки «ин бино аз се ошёна иборат аст ва ҳоло корҳои сохтмониро дар таҳхона ба анҷом расонидем. Рӯзҳои наздик сохтмони девори ошёнаи аввалро низ ба охир мерасонем. Дар масъалаи маблағ ва масолеҳи сохтмонӣ ягон мушкилӣ надорем».
Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввали он ошхона, утоқҳои таълимӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳо барои бозиҳои варзишию фарҳангӣ ва утоқ барои сардорони гурӯҳҳо мавҷуд аст. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Абдулвоҳид Амонбеков гуфт, ки бинои кӯҳна дар аввали солҳои шастум ҳамагӣ барои каме бештар аз 80 нафар кӯдакон сохта шуда буд ва утоқу ҳуҷраҳояш низ масоҳати чандон калон надоштанд. Бо зиёд шудани аҳолии шаҳр талабот ва теъдоди табриягирандагони ин кӯдакистон низ рӯ ба афзоиш ниҳода, айни замон дар 9 гурӯҳ зиёда 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ин бино соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






