ЛИБОСИ МАКТАБӢ: Мактабҳои шаҳри Ваҳдат бо коргоҳҳои дӯзандагии «Мафтуна», «Майрам» ва «Олимхони хуҷандӣ» шартнома ба имзо расониданд

Август 19, 2017 09:51

ВАҲДАТ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  137 адад муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат  ҷиҳати бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон бо  коргоҳҳои дӯзандагии «Мафтуна», «Майрам» ва ҶДММ «Олимхони хуҷандӣ» шартномаи тарафайн ба имзо расониданд. Тибқи иттилои мудири шуъбаи  иқтисод ва савдои шаҳри Ваҳдат Маҳмадбек Заробеков, дар асоси ин шартномаҳо аз ҷониби ин  коргоҳҳои дӯзндагӣ дар соли 2017  36 ҳазору 600 адад либоси мактабӣ дӯхта мешавад, ки нисбат ба соли 2016 8600 адад зиёд буда, таъмини либос 53,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар асоси маълумоти «Равзанаи  ягона»-и Нозироти андози шаҳри Ваҳдат, шумораи корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дар шаҳр 6 ададро ташкил дода, 28 нафар соҳибкорон тариқи патент ва шаҳодатнома ба кори дӯзандагӣ  машғул мебошанд. Дар коргоҳҳои дӯзандагии «Мафтуна» ва «Майрам» 55 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Масъулини  Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат зикр намуданд, ки  барои сари вақт таъмин намудани мактаббачагон бо либос ва лавозимоти мактабӣ бо ҷалби соҳибкорон дар бозорҳои маркази ноҳия ярмаркаи доимӣ ташкил карда шудааст.

Август 19, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад