Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 08.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup, ки рӯзҳои 5-6 август дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Дар ин бора ТВ «Варзиш» хабар додаст.
Дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup ситораҳои футболи солҳои 1990 ва 2000-ум ширкат доштанд. Ин мусобиқа дар «Остона Арена» бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи “А” Олмон, Қазоқистон ва мунтахаби ҷаҳон, ба гурӯҳи “В” Италия, Португалия ва Русия дохил буданд. Ҳар як бозӣ аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат буд. Ба ҳайати ибтидоии дастаҳо шаш нафар дохил мешуданд.
Ғолибони гурӯҳҳо – мунтахаби ҷаҳон ва дастаи Русия – рӯзи 6-уми август барои ҷойи аввал мубориза бурданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид. Дар ҳайати дастаи ғолиб Роман Широков, Евгений Алдонин ва Виктор Булатов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Дмитрий Сенников ба самар расонд. Голҳои мунтахаби ҷаҳонро фаронсавӣ Венсан Кандела, Азамат Абдураҳимов узбакистонӣ ва фин Яри Литманен ба ҳадаф расонданд.
Ҳайати мунтахаби ситораҳои ҷаҳон чунин буд: Христо Стоичков (Булғористон), Азамат Абдураҳимов (Ӯзбекистон), Александр Шовковский (Украина), Винсан Кандела (Фаронса), Яри Литманен (Финляндия), Алдаир (Бразилия), Гаиска Мендйета (Испания), Жереми Нжитап (Камерун), Мӯҳсин Муҳаммадиев (Тоҷикистон), Жан Пйер Папен (Фаронса), Эрнан Креспо (Аргентина).
Барои ҷойи севум мунтахаби Португалия дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби 13:7 шикаст дод. Ба ин тартиб, Португалия севум, Қазоқистон чорум, Италия панҷум ва Олмон шашум шуданд.








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






