Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ намуд

Август 16, 2017 14:41

ДУШАНБЕ, 16.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон  иттилоъ доданд.

Аъзои Шӯро ҳамзамон ворид намудани иловаҳо ба қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»-ро муҳокима карданд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар зимни вохӯрию суханрониҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон  пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида меъёрҳои Қонуни амалкунанда такмил дода шуда, онҳо ба талаботи санадҳои қонунгузорӣ мутобиқ гардонида шуданд. Ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ  ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии  ҷомеаи кишвар мебошад.

 

Август 16, 2017 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад