Мақоми аввали варзишгари Тоҷикистон дар Фестивали бозиҳои варзишии ИДМ
ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 17 августи соли равон дар шаҳри Уляновскии Федератсияи Россия нахустин Фестивали бозиҳои варзишии миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гашт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони 11 давлати узви ИДМ иштирок намуда, тайи 7 рӯз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Миёни ширкаткунандагони Фестивали бозиҳои варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мубориз Мунавваров муаррифӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мусобиқа аз намуди гӯштини самбо Мубориз Мунавваров дар рақобат бо ҳарифони худ дар вазни 74 килограмм дастболо ва сазовори ҷои ҷойи аввал гардид.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






