Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон озмун эълон мекунад

Август 7, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон озмун эълон мекунад.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд, дар озмун як лот дар доираи 2 хатсайр пешниҳод мегардад:

-хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон — Терминали мусофирбарии ҶСП “Фароз” ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон — КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”.

Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худиянд ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро ҷиҳати дарёфти ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ҳамчун ширкати нақлиёти автомобилии истифодаи умум доро мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, мӯҳрзада то соати 17:00-и 4 сентябри соли 2017 ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.

Озмун  5 сентябри соли 2017 соати 10:00 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80 баргузор мегардад

Хоҳишмандон барои гирифтани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои озмун бояд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе- ба суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3),  бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд.

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 221-83-56,  935 — 85-00-94 дастрас намоянд.

Август 7, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид