Майдончаи варзишӣ-туҳфаи Вазорати маориф ва илм ба сокинони пойтахт

Август 15, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои наврасон майдончаи варзишию истироҳатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ гардида, ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 1090 метри мураббаъ ба анҷом расонида шуданд.

Дар маросими ба истифода додани майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Шоҳмансур Низом  Ҳакимзода ва сокинони маҳалла ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 82, хиёбони Б. Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 73/4 ва 77/3 дар масоҳати 2520 метри мураббаъ ба истифода дода шуд.

Август 15, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид