Майдончаи варзишӣ – туҳфаи Вазорати нақлиёт ба сокинони кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе

Август 18, 2017 14:12

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар вазорату идораҳои кишвар дар пойтахт майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро ба истифода дод, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Сӯҳроб  Мирзоев ва муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуданд.

Майдончаи варзишӣ  ва бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматии рақамҳои 8 ва 9-и кӯчаи Туниси ноҳияи Сино  аз ҷониби сохтмончиёни ширкати «Маҳмил-2012» бо сифати баланд ва  дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1740 метри мураббаъ доман густурда,   аз майдончаҳои универсиалӣ барои бозиҳои  футбол, баскетбол, волейбол ва таҷҳизоти гуногуни варзишӣ, зинапоя ва арғунчакҳои гуногун барои  бозии кӯдакон иборат мебошад. Инчунин барои истироҳату фароғати бошандагони кӯчаи Тунис ду адад айвонча бунёд гардида, дар атрофаш гулу ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шудааст.  Роҳҳои атрофи майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар дар масоҳати 1000 метри мураббаъ мумфарш гардидаанд.

Бунёди майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокнинони кӯчаи Туниси пойтахт   туҳфаи арзандаест дар арафаи ҷашни  26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Майдончаи варзиши Майдончаи варзиши -2

Август 18, 2017 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид