«МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ…» Оё бонувони мо медонанд, ки тақлидкорӣ чӣ маънӣ дорад ва ба куҷо мебарад?!
ДУШАНБЕ, 05.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанд сол қабл дар хонадони мо нафаре аз кишвари Россия меҳмон шуд. Баъд аз сайругашти зиёд дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва боздид аз мавзеъҳои таърихӣ он шахс ба падарам, ки ман низ бо онҳо будам, гуфт: «Воқеан ҳам Тоҷикистон ва шаҳри зебоманзари Душанбе беназир ҳастанд. Хуш ба ҳоли Шумо, мардуми тоҷик, ки то имрӯз ин ҳама фарҳанги қадимии аҷдодиро пос доштаву то ба имрӯз оварда расонидаед. Дарвоқеъ шумо фарҳанги бою пурғановат доред. Ман Тоҷикистонро аз лиҳози туризм рушднаёфта мепиндоштам, вале бубинед, имрӯзҳо одамон аз кишварҳои арабӣ дар мамлакати шумо чӣ қадар зиёданд. Хиёбонҳои шаҳри Душанбе пур аз бонувони сиёҳпӯшу сатрдор мебошанд, ки ба гумонам эшон аз Эрону Арабистон ҳастанд». Бо шунидани ин суханон падарам табассуми талхе намуда, гуфт: «Бале, кишвари мо аз ҷиҳати туризм дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад. Имрӯзҳо меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ дар мо зиёданд».
Гумон мекунам, ки ҷавоби дуруст ба ин суоли меҳмони хориҷии мо он буд, ки он нафарони ҳиҷобдору либоси сиёҳпӯш на эронианду на араб, онҳо ҳамон бонувони тоҷиканд, ки, мутаассифона, тарғибгари фарҳанги ғайр шудаанд. Шояд падарам аз чунин посух додан шарм медошт, чун мардуми хориҷӣ аз дидани фарҳанги зебои мо ба ваҷд меоянд.
Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро иддае аз сокинони кишвари мо тарғибгари фарҳанги бегона шудаанд? Ин дар ҳолест, ки мардуми тоҷик чанд ҳазорсола қабл, пеш аз пайдоиши дини Ислом фарҳанги пурғановате дошт, ки барои дигар мардумон намунаи ибрат буд, бахусус аз лиҳози либоспӯшӣ. Вале имрӯз чӣ «дарде» ба баъзе аз бонувони тоҷик расидааст, ки фарҳанги чандҳазорсолаи хешро пеши по зада, фарҳанги ғайримиллии дар асри XII пайдошудаи мардуми арабро аз они худ медонанд?!
Ин ҷо як нуктаро бояд хотирнишон кард. Сарчашмаҳо аз он далолат мекунанд, ки бегонапарастӣ (ба русӣ – чужепоклонничество) низ таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳатто дар худи Эрон низ аҳли илму адаб роҷеъ ба ин мушкил борҳо бонги изтироб задаанд. Агар мо асарҳои нависандаи машҳури Эрон Содиқ Ҳидоятро мутолиа карда бошем, хоҳем дарёфт, ки сабабгори ба вуҷуд омадани одати бегонапарастӣ диндорони хурофотпараст ва равшанфикрони тақлидкор мебошанд: яке урфу одоти асримиёнагии куҳнаи исломиро талқин мекунад, дигаре баъзе расму оини барои муҳити мо носозгори ғарбиро. Ҳарду гуруҳро метавон ифротӣ номид, зеро дар амали худ зиёдаравӣ мекунанд ва аз ҳад мегузаронанд. Содиқ Ҳидоят дар қиболи ин ду равия таблиғ ва парастиши фарҳанги миллиро зарур мешуморад.
Маълумоти қадимӣ оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯранд. Бозёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва асбоби ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Либоси занон аз курта, подоман, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак иборат будааст, ки то ба имрӯз ба мо мерос монда, муаррифгари фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ҳастанд.
Дарвоқеъ, тайи солҳои охир масъалаи либоси занон, ки ҷузъе аз фарҳанги миллати тоҷикро дарбар мегирад, ба як мушкилоти ҷомеа табдил ёфтааст, чун ба бар намудани либосҳои ғайр аз ҷониби бархе аз бонувони тоҷик боиси нигаронӣ ва шарм мебошад. Агар он нафаронеро, ки либоси исломӣ ба бар менамоянд, динпарасту дар роҳи воқеии дин умр басарбаранда бигӯем, ин ба ҳақиқат рост намеояд. Чун таълимоти ислом зидди хурофот ва тақлиди кӯркӯрона ҳаст ва бо сатру ҳиҷоб ҳеҷ иртиботе надорад.
Бале, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ нишон медиҳад, ки фарҳанги миллӣ ва либоси тоҷикӣ хориҷиҳоро ба ваҷд меорад. Ба онҳо бештар ҷӯробҳои бадахшонӣ, ҷиҳози гулбофти ин минтака, муҳракории онҳо, заргариҳои ромитӣ, чаканҳои кӯлобӣ ва атласу адраси хуҷандӣ хуш меоянд. Онҳо ҳатто чандин ҷиҳози миллиро бо нархи гарон харид намуда, бо худ мебаранд. Вале имрӯзҳо баъзе аз бонувони мо тарғибгари либоси бегона ҳастанду бо чунин амал ба фарҳанги миллии хеш зарба мезананд.
Яқин аст, ки имрӯзҳо либоспӯшии баъзе аз бонувоне, ки тақлид ба расму русуми бегонагон менамоянд, ба ҷуз зоҳирпарастӣ чизи дигаре нест. Онҳо бо чунин зоҳирпарастӣ ба ҷуз талқин ва тарғиби фарҳанги ғайр кори дигаре анҷом намедиҳанд. Тавре Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳарчи кард он ошно кард…
Пас ҳидоят ва роҳи наҷот он аст, ки моро мебояд фарҳанги ҳазорсолаҳо ба мерос мондаи қавму миллати хешро пос дорем ва аз тақлид ба фарҳанги аҷнабиён худдорӣ намоем.
Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД,
масъули бахши «Ҳидоят»
P.S. Ба рӯзноманигорон, адибон, донишмандон, таърихнигорон, коршиносон, ҳуқуқдонҳо, намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун чунин муроҷиат мекунем: ҳар касе дар ин мавзӯъ, дар боби пайванди наслҳо, волидайн ва фарзандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд навишта, гапи гуфтанӣ ё маълумоти хонданӣ дорад, бахши «Ҳидоят» барои шумост! Мо мунтазири маводи шумо хоҳем буд ва беҳтарину ҷолибтарини онҳоро дар сомона ба нашр хоҳем расонид.