Маъракаҳои ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз манъ карда мешаванд

Август 23, 2017 13:45

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 августи соли 2017  дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид, минбаъд дар Тоҷикистон гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бидуни забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода шуда, гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкурро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ  ва қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намудаанд.

Мачлиси оли _3Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни зикршуда минбаъд сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва худнамоӣ роҳ надода, имкон доранд хони идонаи маънавии хоксорона ороянд. Ҳамзамон минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бидуни  хизматрасонии овозхонҳо гузаронида шуда, хатнаи кӯдак бо розигии волидайн аз санаи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин маврид таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон омӯхта шудааст.

Вобаста ба қабули тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода,, раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар назди вакилон сухан гуфтанд.

Ҳамчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки  бо  иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. Дар радифи дигар маъракаҳои манъшуда, дар Тоҷикистон минбаъд гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони ҷумҳурӣ ҳангоми вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоати мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 доир  гардида буд, таҳия гардидаанд. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгор ва вазъи иҷтимоии  сокинони мамлакат, инчунин роҳ надодан ба зиёдаравӣ, худнамоӣ ва исрофкорӣ мебошад, ки дини мубини Ислом низ онро инкор менамояд.

 

 

Август 23, 2017 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид