Машғулиятҳои омӯзишии “Дойч Бундесбонк” барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон

Август 23, 2017 10:56

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)  дар ҳамкорӣ бо Маркази техникии “Дойч Бундесбонк” (Германия) барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон  рӯзи дуюм аст, ки семинари омӯзишии «Раванди банақшагирии буҷет» ҷараён дорад. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон  хабар доданд.

Зикр гардид, ки семинар дар доираи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Маркази ҳамкории техникии “Дойч Бундесбонк”   бо мақсади баланд бардоштани маърифати касбии кормандони БМТ гузаронида мешавад.

Машғулиятҳо аз ҷониби мушовири калони  “Дойч Бундесбонк”   Кристоф Штута гузаронида шуда, тӯли ду рӯз иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои «Ташкили кор ва вазифаҳои “Дойч Бундесбонк” ва ESCB  ва идоракунии корпоративӣ», «Пешбурд ва дар амал татбиқ намудани дурнамо барои соли 2020: натиҷагирии мувозинати холҳо, амалиёти SWOT (паҳлӯҳои қавӣ ва заифи имкониятҳо, хавфҳо)», «Идоракунии амалиётӣ, ҳисобу китоби арзиши аслӣ», «Баҳисобгирии хароҷот ва намудҳои хароҷот», «Банақшагирии буҷет, таҳлилу усули банақшагирӣ» маълумот гирифта, дониши худро сайқал медиҳанд.

 

Август 23, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад