Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2017 16:52

ДУШАНБЕ, 22.08.2017. /АМИТ «Ховар»/ Пагоҳ, 23 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.

Бино ба иттилои котиби генералии Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳусейн Яҳёев, дар мусобиқаи мазкур наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.

Тавре аз Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур то 27 август идома меёбад.

Бояд гуфт, ки омодагӣ ба ин мусобиқаи байналмилалӣ хуб буда, синни иштирок дар мусобиқа барои писарон то 14 ва духтарон то 16  муайян карда шудааст.

Мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим такони нав мебахшад. Дар  мусобиқа   барои  ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ,  барои ҷои якум, дуюм ва сеюми ҷуфти духтарон ва  писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ  мукофот пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло соҳаи тарбияи    ҷисмонӣ ва варзиш  яке  аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати  иҷтимоии   Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти  варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии  варзишгарони  касбии  тоҷик барои  иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ равона гардидааст.

Баргузории ин мусобиқаи муҳим ба арафаи таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, бинобарин  он   рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни халқҳои гуногун мебошад. Бешубҳа, теннис миёни дӯстдорони варзиши тоҷик  шӯҳрати калон дошта, баҳри рушду ташаккули минбаъдаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин маротиба бо фармони  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005, нахустин Мусобиқаи  байналмилалӣ  оид  ба теннис байни  наврасон барои  дарёфти   Ҷоми Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир гардид. Сипас дар асоси  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 июли  соли  2006 дар шаҳри Душанбе  байни  наврасон  ҳамасола Мусобиқаи  байналмилалӣ  оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Август 22, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд