Нисбат ба 25 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи дар шабакаи интернет таҳти унвони «Ягон пулис мисли Тоҷикистон аз паси ришва нест»-ро, ки аз ҷониби аксбардор ва сайёҳи турк Меҳмет Генҷ нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нисбат ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки баъзе кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ШБДА дар қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, шуъбачаҳои БДА-и мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Дарвоз ба камбудиҳо ва қонуншиканӣ роҳ додаанд.
«Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017 нисбат ба 25 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






