Ноҳияи Рӯдакӣ: талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Август 10, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба соли нави таҳсили мактаббачагон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ярмарка-фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ баргузор гардид. Дар  он зиёда аз 100 корхонаву  коргоҳҳои дӯзандагӣ ва соҳибкорони  ноҳия маҳсулоти баландсифати худро  ба  хонандагону волидайн пешниҳод намуданд.

Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода зикр намуд, ки  «имсол   зиёда аз 14 ҳазор нафар кӯдакон  ба синфи якум қабул гардидаанд. Коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия барои ҳамаи онҳо либосҳои ягонаи мактабӣ омода намуда, тариқи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо нархҳои дастрас ба волидайни онҳо пешниҳод намуданд. Хушбахтона, имрӯзҳо таваҷҷуҳи хонандагони муассисаҳои  таълимии ноҳияи Рӯдакӣ ба либоси дӯхти ватании корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ зиёд гардидааст. Аз ин рӯ бо ташаббуси ҳукумати ноҳия то охири моҳи август дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳот ярмаркаҳои фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавад».

Мақсад аз ташкили чунин ярмаркаҳо дастрасӣ пайдо намудани  падару модарон ва хонандагон ба либосҳои ягонаи мактабӣ бо сифати баланд ва нархҳои арзон мебошад.

 

Август 10, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд