Нуробод: шумораи ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ 122 адад зиёд гардидааст
НУРОБОД, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод шумораи ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 адад зиёд гардидааст, ки онҳо дар таъмини нақшаи буҷети ноҳия саҳми намоён доранд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии раиси ноҳия бо хабарнигорони воситаҳои ахбори омма баён гардид.
Раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода дар нишаст ҳамчунин иброз намуд, ки тибқи нақша барои корҳои сохтмону ободонӣ дар соли равон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 27 миллиону 696 ҳазору 122 сомонӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз дар ноҳия бо мақсади корҳои сохтмонӣ 6 миллиону 815 ҳазору 672 сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун», як миллиону 815 ҳазору 602 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо ва 367 ҳазору 850 сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ аз худ гардидаанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






