ОФАРИН! Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии наврасон дар Ҳиндустон соҳиби 6 медали тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 31 июли соли 2017 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Олимпиадаи байналмилалии наврасон «InIMC 2017» аз фанни математика баргузор шуда, 4 даста Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» хабар доданд, дар олимпиадаи мазкур хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В» миёни довталабони 41 давлати дунё ба гирифтани 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон 1 даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал ва 2 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм шуданд.
Ғолибонро кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо», волидон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо гулу гулдастаҳо ботантана дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» истиқбол гирифтанд.
Дар маҷмӯъ хонандагони тоҷик аз аввали соли 2017 ба Ватан 119 медал (20 медали тилло, 40 медали нуқра, 59 медали биринҷӣ) овардаанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






