Паҳлавонони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо иштирок мекунанд

Август 28, 2017 09:24

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони  тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Венгрия–шаҳри  Будапешт баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Дар ин бора  сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқа иштироки тақрибан 800 варзишгар (484 мард ва 312 зан) аз 136 кишвар дар назар аст. Мусобиқаи номбурда ҳафт рӯз идома карда, варзишгарон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомиланд, ки дар рақобатҳо миёни мардон иштирок мекунанд. Ҳайти дастаи Тоҷикистон дар Чемпионатьи ҷаҳон чунин аст:

-60 кило – Сӯҳроб Боқиев;

— 66 кило – Хушқадам Хусравов;

— 73 кило – Саидмухтор Расулов;

— 73 кило – Беҳрӯзи Хоҷазода;

— 81 кило – Садр Боев;

— 90 кило – Комроншоҳи Устопириён;

— 100 кило – Саидҷалол Саидов.

— 100 кило – Шакармамад Мирмамадов.

Август 28, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад