Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз риоя нагардидани қонунҳои миллӣ дар ноҳияи Панҷ изҳори нигаронӣ карданд

Август 18, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 18.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони яке аз ноҳияҳои  наздисарҳадии кишвар- ноҳияи Панҷ аз риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  изҳори  нигаронӣ карданд.

Президенти мамлакат  зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар ноҳияи Панҷ дар самти риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»  беш аз 70 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 201 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ мебошад. Рақамҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки падару модарон ва фаъолони ҷомеа, инчунин омӯзгорон  ба таълиму тарбияи фарзандон ва ба танзим даровардани расму ойинҳое, ки ба ғайр аз исрофкориву зарари буҷети оила чизи дигаре нест, ҳанӯз ҳам эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Дар иртибот ба ин масъала   Сарваари давлат аз роҳбарияти  ноҳия ва фаъолони ҷомеа тақозо намуданд, ки  ба аҳолӣ мазмуну моҳияти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро дуруст фаҳмонанд ва ба ин васила аз мафкураи мардум иҷрои баъзе расму суннатҳои нодаркору ба таври сунъӣ таҳмилшударо дур созанд.

«Роҳбарони ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони бахши танзими расму ойинҳо ва аъзои комиссияҳои доимиву ҷамъиятӣ низ вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар самтҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.

Август 18, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад