Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд!»

Август 4, 2017 11:24

ДУШАНБЕ, 4.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи ноорому печида ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ба ҳамаи мо маълум аст. Ҳар рӯз дар як қатор кишварҳои Шарқи Наздик ва баъзе кишварҳои ҳамсоя садҳо нафар одамони бегуноҳ қурбони низоъҳои дохилӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона гардида, садҳо ҳазор нафари дигар ба тарки ватан маҷбур шуда истодаанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён изҳори назар карданд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, «ҳамчунин бо сабаби офатҳои табиӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва оби тозаи ошомиданӣ миллионҳо нафар сокинони сайёра азият мекашанд. Доираҳои манфиатҷӯй ҷавонони ноогоҳро аз бисёр кишварҳои олам ба сафи ҷангҷӯёни созмону ҳаракатҳои террористӣ ҷалб карда, онҳоро ба қатлу куштори одамон сафарбар менамоянд». Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки мутаассифона, баъзе ҷавонони мо, аз ҷумла аз ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён низ дар низоъҳои дохиливу мазҳабӣ дар кишварҳои мухталиф ширкат менамоянд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон Сарвари кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки  «тибқи маълумоти мақомоти дахлдор, дар давоми панҷуним соли охир аз ноҳияи Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла 54 нафар ҷавонон, 9 оила иборат аз 30 нафар ва ҳатто кӯдакони ноболиғ ва аз ноҳияи Шаҳритус 79 нафар, ки 47 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, дар қаламрави давлатҳои гирифтори низоъ қарор доранд ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат карда истодаанд. Дар ин самт, мо то имрӯз тамоми роҳу воситаҳои фаҳмондадиҳиро истифода карда истодаем, то шаҳрвандонамон, аз ҷумла ҷавонон фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шуда, ба Ватани худ хиёнат накунанд. Аммо на ҳамаи онҳо чунин даъватро пазируфтанд ва оқибати иштироки онҳо дар амалиёти террористӣ ба ҳамаи мо равшан аст».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, фаромӯш набояд кард, ки даҳҳо ва садҳо нафар фарзандони мардуми ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ба илму фарҳанг ва умуман ба хотири рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизмати содиқона кардаанд ва имрӯз низ софдилона заҳмат кашида истодаанд. Рафтори номатлубу хатарноки ҷавонони гумроҳшуда, пеш аз ҳама, мардуми соҳибмаърифату заҳматдӯсти ноҳияҳои зикршуда ва номи неки фарзандони содиқи онҳоро доғдор месозад. «Вобаста ба ин, борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд. Ба падару модарон, пирони рӯзгордида, кормандони соҳаи маориф, аҳли зиё ва масъулони ҳамаи мақомоти давлатӣ муроҷиат менамоям, ки дар ин самт фаъол бошанд, садди роҳи ҷалб гардидани фарзандон ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шаванд, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кунанд ва наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, ҳисси баланди миллӣ ва гиромидошти фарҳангу анъанаҳои бостониамон ташвиқу раҳнамоӣ намоянд»,-таъкид карданд Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён.

Август 4, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад