Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мубориза бо ифротгароию терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа аст»

Август 30, 2017 09:59

ДУШАНБЕ, 30.08.2017/АМИТ «Ховар»/. «Таҳдиди зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст». Ин нукта имрӯз зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баён гардид.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад.

Зикр шуд, ки  роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонони кишварҳои гуногун ба ин гуна созмонҳои экстремистиву террористӣ имрӯз дар маркази диққати сиёсатшиносону сиёсатмадорони ҷаҳон қарор гирифтааст.

«Ба назари мо, сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту созмонҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондани онҳо мебошад. Ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо низ боиси ташвиш гардидааст, ки инро дар суханрониву вохӯриҳо бо ҷавонон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа борҳо таъкид намудаам»,- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон, «ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон боз ҳам бештар диққат дода, пеши роҳи гароиши онҳоро ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ гирем, зеро чунин афрод ба шаъну шарафи миллати тамаддунсози мо ва давлати тоҷикон иснод меоранд».

Август 30, 2017 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад