Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мубориза бо ифротгароию терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа аст»
ДУШАНБЕ, 30.08.2017/АМИТ «Ховар»/. «Таҳдиди зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст». Ин нукта имрӯз зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баён гардид.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад.
Зикр шуд, ки роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонони кишварҳои гуногун ба ин гуна созмонҳои экстремистиву террористӣ имрӯз дар маркази диққати сиёсатшиносону сиёсатмадорони ҷаҳон қарор гирифтааст.
«Ба назари мо, сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту созмонҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондани онҳо мебошад. Ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо низ боиси ташвиш гардидааст, ки инро дар суханрониву вохӯриҳо бо ҷавонон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа борҳо таъкид намудаам»,- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон.
Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, «ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон боз ҳам бештар диққат дода, пеши роҳи гароиши онҳоро ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ гирем, зеро чунин афрод ба шаъну шарафи миллати тамаддунсози мо ва давлати тоҷикон иснод меоранд».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






