Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Вазъи санитариву эпидемиологии ноҳияи Носири Хусрав чандон қаноатбахш нест»
ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди он, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Носири Хусрав мунтазам зиёд карда мешавад, аммо то ҳол як қатор масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла норасоии мутахассисон ва паст будани дараҷаи тахассусии кадрҳо бартараф нагардидаанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Носири Хусрав изҳори назар карданд.
Ба андешаи Сарвари давлат, вазъи санитариву эпидемиологии ноҳия низ чандон қаноатбахш нест. Ҳоло аз шумораи умумии аҳолии ноҳия ҳамагӣ 5 ҳазор нафар ё дувоздаҳуним фоиз бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мебошанд. Иншооти обу корези ноҳия бо иқтидори 30 фоиз фаъолият мекунад, ки ин омил боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ мегардад.
«Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти зикршуда тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд»,- гуфтанд Пешвои миллат.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






