Прокуратураи генералӣ: содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба таври қочоқ ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таъмини назорати риояи қонунгузории гумрук дар нимсолаи аввали соли равон 515 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 13 млн. сомонӣ ошкор ва пешгирӣ гардид. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорон зикр гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар мавриди ошкор шудани 515 ҳолати қочоқи молу маҳсулот аз ҷониби ин мақомот гуфт, ки аз ин теъдод нисбат ба 22 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ ва оид ба 493 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ба таври қочоқ ворид шудани молу маҳсулот ба қайд гирифта шуда, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба таври қочоқ ба қайд гирифта нашудааст. «Прокуратураи генералӣ баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қочоқи молу маҳсулот тамоми тадбирҳоро меандешад»,-таъкид шуд дар нишаст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин, дар ин самт 1422 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 2252 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 540 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 3772 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






