Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 104-и пойтахт иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ намуд

Август 2, 2017 14:06

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳо бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ  ифтитоҳ гардид, ки пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон таъмин мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд  Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои сокинони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт ҳамчун туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Соли ҷавонон ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана, чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазор иборат буда, он дар масоҳати 5792 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

1(2)
Зимни шиносоӣ бо шароити ин иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ин ва дигар иншооти сохташавандаи пойтахт, ки барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр ва махсусан бобати ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани наврасону ҷавонон пешбинӣ гардидаанд, бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо назардошти тамрини нафарони дорои имконияти маҳдуд бунёд гардида, минбаъд дар он ин табақаи ҷомеа низ ба тамрин машғул мешаванд.
Дар рӯзи ба истифода додани иншооти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба варзишгарони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе тақдим гардид.

002 (1)
Бояд зикр кард, ки иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ   тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Сементи тоҷик» бо маблағи беш аз як миллиону 50 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ ва фарҳангию  фароғатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхушии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ мебошад.

3(6)

Август 2, 2017 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?