Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот намуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиёни мулоқот ба рушду густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, зикр намуданд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо дар марҳилаи рӯ ба тараққӣ қарор дорад.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки Департаменти Рушди Байналмилалии Британияи Кабир тасмим гирифтааст дар татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025” саҳмгузорӣ кунад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои бо сатҳу сифати нав ва мазмуни тоза пурра намудани ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар изҳор доштанд.









«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






