Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Август 25, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  Раиси шаҳри Душанбе  Рустами  Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот намуд.

Дар ин бора  ба АМИТ “Ховар” аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Иштирокчиёни мулоқот ба рушду густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, зикр намуданд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо дар марҳилаи рӯ ба тараққӣ қарор дорад.

Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки Департаменти Рушди Байналмилалии Британияи Кабир тасмим гирифтааст дар татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025” саҳмгузорӣ кунад.

Ҷонибҳо омодагии худро барои бо сатҳу сифати нав ва  мазмуни тоза пурра намудани ҳамкории дуҷониба ва   таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар изҳор доштанд.

225255

Август 25, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид