Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ

Август 16, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин  гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 185 нафар  ҷиҳати тавофи хонаи Каъба субҳи имрӯз озими Арабистони Саудӣ гардиданд. Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикро  дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карданд.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон  6 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳаҷро, ки яке аз панҷ рукни муҳими дини Ислом аст,   ба ҷо меоранд.

Маросими гусели зоирини Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Арабистони Саудӣ то 26 август идома ёфта, сафари онҳо аз ҷониби ширкатҳои  миллии ҳавонавардии «Сомон Эйр»,  «Тоҷик Эйр» ва ширкати ҳавопаймоии  «ФлайНас»-и Арабистони Саудӣ анҷом дода мешавад.

 

 

Август 16, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад