Сафири ИМА Элизабет Миллард бинобар ба вазифаи нав таъйин шуданаш мӯҳлати фаъолияти дипломатиро дар Тоҷикистон ба поён мерасонад
ДУШАНБЕ, 30.08.2017./АМИТ «Ховар»/. 31 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард бинобар сабаби ба вазифаи нави роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА таъйин шуданаш муҳлати адои вазифаашро дар Тоҷикистон ба поён мерасонад. Дар ин бора имрӯз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон зимни баёнияе иттилоъ додааст.
«Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд», — омадааст дар баёнияи Сафорат.
Дар баёния ҳамчунин зикр шудааст, ки Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ҳоло таъин нагардидааст ва муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард муваққатан ба ҷои ӯ фаъолият хоҳад кард.
«Сафир Миллард аз он ифтихор дорад, ки тӯли яку ним соли фаъоляташ ба ҳайси сафир шомили дастовардҳои Сафорати ИМА дар Ҷумҳарии Тоҷикистон гардида буд, — тазаккур ёфтааст дар идомаи баёния. — Дар давоми фаъолияти кории ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзур намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд. Ду кишвар 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд».









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






