Сафири Тоҷикистон дар маросими ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Нагасаки иштирок кард
ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар маросим бахшида ба 72-юмин солгарди ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Ҳиросима ва Нагасаки ширкат варзид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, маросими ёдбуд дар Боғи ёдбуди сулҳи шаҳри Нагасаки, воқеъ дар наздикии маркази таркиши аслиҳаи ядроӣ бо иштироки Сарвазири Япония Синдзо Абэ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, губернатори музофоти Нагасаки Ҳодо Накамура, раиси шаҳри Нагасаки Томиҳиса Тауэ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Япония, ходимони ҷамъиятӣ ва мардуми Япония баргузор шуд.
Иштирокчиён дар назди муҷассамаи ёдгории ёдбуди қурбониёни бомбаи атомӣ гул гузоштанд. Баъд аз садои зангӯла ва бонги хатар расо соати 11:02 иштирокчиён дар назди хотираи тамоми қурбониён як дақиқа сукут карданд.
Дар ҳошияи маросим Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Япония Таро Коно вохӯрӣ намуда, вазирро бинобар ба ин мақоми баланд таъйин шуданаш табрик намуд. Инчунин вохӯрии Сафир бо раиси шаҳри Нагасаки Томиҳиса Тауэ низ доир гардид, ки зимни он арзи сипос барои даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ёдбуд иброз гардид.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷамъомадҳои фарҳангӣ-таърихӣ, ки аз ҷониби маъмурияти шаҳри Нагасаки ташкил карда шуданд, иштирок намуда, аз мавзеъҳои хотирмони шаҳр боздид намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






