САГ ЧУ ШУД ДЕВОНА , ӮРО МЕТАВОН ЗАНҶИР КАРД… Дар ноҳияи Рӯдакӣ 164 нафар бар асари дарафтодани сагони дайду ҷароҳат бардоштаанд

Август 14, 2017 17:26

РӮДАКӢ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ин мисраи машҳури Сайидои Насафиро дар сарлавҳа беҳуда наовардем. Дар шаҳру деҳоти мо сагони дайду ва девона вомехӯранд ва мутаассифона, баъзан озод гаштугузор мекунанд, ки ин ба ҳаёти шаҳрвандон хатар дорад. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳолати ҷароҳат бардоштани одамон бар асари сагони дайду ва бемор  ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Бобоназаров,  соли равон дар ҳудуди ноҳия 164 нафар одамон  дар натиҷаи ба онҳо джарафтодани сагони дайду  ҷароҳат бардоштаанд, ки 114 нафари онҳоро наврасони то 17-сола ташкил медиҳанд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат ва нест кардани сагони дайду ба мақомоти дахлдор ва ҳукумати ноҳия мактуб фиристода шуд.

Тавре аз ин пештар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ дода буд, 2 августи ҳамин сол дар вилояти Суғд писарбачаи 6-солаи сокини маҳаллаи Темурмалики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари ҳамлаи ногаҳони саг ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

 

Август 14, 2017 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад