Саодатбибӣ Сироҷзода: 95 фоизи кормандони Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро занон ташкил медиҳанд

Август 1, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 1.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни  ҳол 95 фоизи кормандони Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд»,-зикр намуд сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Саодатбибӣ Сироҷзода мегӯяд: «Барои мо, занҳо боиси сарбаландию қаноатмандист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи занону духтарони кишвар ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри соҳибмаълумоту соҳибвазифа гаштани онҳо тадбирҳо меанешанд. Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир карда, ба воситаи чандин барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсиҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила муайян намудааст».

Ба маълумоти номбурда, дар зарфи шаш моҳи аввали соли равон Раёсати САҲШ ба 107 ҳазору 451 нафар шаҳодатномаи таваллуд дода,  17 ҳазору 243 нафар шаҳодатномаи вафот содир кардааст. Дар ин давра 28 ҳазору 103 ҳолати сабти никоҳ, 15 ҳазору 712 ҳолати муқаррар кардани падарӣ, 16 ҳазору 656 ҳолати ивази ному насаб ва 5 ҳазору 40 ҳолати  бекоркунии ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Ҳолатҳои ҷудо шудани оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст, вале нишондод зиёд аст.

«Пешгирии вайроншавии оилаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб маҳсуб мешавад. Тайи чанд сол аст, ки бахши САҲШ бо дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо дар ин самт кор мебарад. Он оилаҳои ҷавоне, ки даъвои молу мулк ва фарзанди ноболиғ надоранд, вақте барои ҷудо шудан ба САҲШ муроҷиат мекунанд, мо ба онҳо муҳлат медиҳем, машварат мегузаронем. Ҳатто аз таҷрибаи шахсони рӯзгордида истифода бурда, то ҳадди имкон кӯшиш мекунем, ки ин оилаҳоро якҷоя намоем. Вале дар бисёр маврид ба мо муяссар намешавад, чунки онҳо аллакай тариқи мусулмонӣ ҷавоби ҳамсаронашонро додаанд. Дар баъзе ҳолатҳо суҳбатҳои мо сабаб мешаванду онҳо дубора якҷо мешаванд»,-илова намуд Саодатбибӣ Сироҷзода.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, вайроншавии оилаҳои ҷавон бештар дар натиҷаи паст будани маърифати оиладории онҳо рух медиҳад. Бояд гуфт, ки аксар вақт дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо на танҳо ҳамсарон, балки  фарзандон низ зарар мебинанд. Аз байн рафтани оила маънии бепарастор мондани фарзандонро дорад. Ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мушкилиҳои ҷомеаро афзунтар мекунад.   Инро ба назар гирифта, дар назди бахшҳо маҳфилҳо ташкил карда шудаанд, ки  баҳри баланд бардош­тани маърифати оиладорӣ амал мекунанд. Дар машваратҳои ин маҳфилҳо дар қатори оилаҳои ҷавон оилаҳои намунавӣ даъват шуда, аз мактаби ҳаёти худ ба оилаҳои ҷавон панди зиндагӣ меомӯзанд.

Ба иттилои Саодатбибӣ Сироҷзода, дар ин давра ақди никоҳ коҳиш ёфта, 2 ҳазору 146 адад кам шудааст. Мавсуф сабабҳои коҳиш ёфтани онро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва вазъи иқтисодӣ вобаста донист.

Ҳамчунин дар ин давра 49 ақди никоҳ бо шаҳрвандони  Ӯзбекистон, Россия, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон сурат гирифтааст.

Нуктаи муҳими дигаре, ки зимни суҳбат ба он таваҷҷуҳ карда шуд, никоҳи хешутаборӣ буд. Зеро тибқи андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тақрибан дар 30—35 фоизи ҳолатҳо сабаби таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи хешутаборӣ мебошад. «Хушбахтона, тавассути корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ дар шаш моҳи аввали соли равон никоҳи хешовандони наздик умуман ба қайд гирифта нашудааст»,-зикр намуд ҳамсуҳбат.

Раёсати САҲШ дар ин давра 16 ҳазору 656 нафарро оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифт, ки аз ин шумора зиёда аз 9 ҳазори онҳо тариқи анъанаҳои миллӣ номгузорӣ шудаанд. Дар ин самт кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, мақомоти маҳаллӣ хеле фаъол мебошанд. Тавре зикр шуд, татбиқи Барномаи «Эпос» (кумаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотӣ-тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010-2020)  кори кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро хеле осон кард.

Тибқи барнома Раёсати САҲШ ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст шуд. Дар айни ҳол тамоми маълумот, аснод, арқом ва дигар маводи зарурии бахшу шуъбаҳои САҲШ дар солҳои 2015, 2016 ва шаш моҳи соли 2017  ба бойгонии компютерҳо  ворид карда шудаанд.  Пештар агар барои қабули як шаҳрванд ва иҷрои дархости ӯ корманд 2,5-3 соат вақти худро сарф мекард, ҳозир тавассути компютер дар як лаҳза ҳамаи маълумоти зарурӣ дастрас карда мешавад. Танҳо дар баъзе ҳолатҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо сабабҳои садамаи барқ, офати табиӣ ва канда шудани ноқилҳо мушкилот ба вуҷуд меоянд, ки бо истифода аз технологияи муосир дар фурсатҳои наздик онҳо ҳам ҳалли худро меёбанд.

«Мо мунтазам бо котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавзӯъҳои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти  коррупсионӣ, риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2014-2019» машваратҳо доир менамоем. Кӯшиш мекунем, ки хизматрасонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаффоф роҳандозӣ шавад, то шаҳрвандон сари вақт бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин гарданд»,- изҳор намуд сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Август 1, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст
ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад