Сарояндагони маҳбуби тоҷик ҳаводоронашонро ба боғҳои пойтахт даъват менамоянд!

Август 3, 2017 17:58

ДУШАНБЕ, 03.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат бахшида ба Соли ҷавонон ва фарорасии 26-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ  баргузор мегарданд.
Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки рӯзи шанбе — 5 августи соли равон  соати 10:00 дар Боғи «Ирам»,  соати 19:00 дар саҳни  Кӯли ҷавонон, майдони 800-солагии Москва ва Боғи «Устод Рӯдакӣ» чунин барномаҳоро роҳандозӣ намоянд.
Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии  «Базморо», ҳунармандони ноҳияи Шаҳринав, бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода тасмим гирифтаанд, ки  рӯзи якшанбе, 6 август соати 10:00 дар Боғи «Ирам» ва соати 19:00 дар боғҳои «Парчами давлатӣ», «Дӯстии халқҳо» ва саҳни Кӯли ҷавонон чунин барномаҳоро пешниҳоди дӯстдорони санъати асил намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо дар барномаҳои фарҳангии мазкур ҳунармандони маъруф Ҷамшед Исмоилов, Ширинмоҳ Ниҳолова, Иззат Шарифӣ, Зиёвиддини Нурзод, Тобиш Ҳилолӣ ва Соҳиб Назриев бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳаводоронро шод мегардонанд.

Август 3, 2017 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад