СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ АВРУПО СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ГАРДИД!

Август 21, 2017 13:57

       ДУШАНБЕ, 21.08.2017. /АМИТ«Ховар»/. Паҳлавони  ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ  оид ба дзюдо барои Ҷоми Аврупо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар  шаҳри Аради Руминия баргузор шуд, дар вазни 66 кило сазовори медали  тилло гардид. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сомон дар рақобатҳо дар вазни -66 кило дар даври аввал озод буд. Пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Украина ва Германия Константин Ноткин ва Александр Габлер  дар даври нимфиналӣ Каро Марандиянро аз Украина шикаст дод. Сомон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари дигари Украина Олег Овчаренко  пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин мусобиқа 248 варзишгар (156 ҷавон ва 92 духтар) аз 33 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро танҳо як нафар – Сомон Маҳмадбеков – намояндагӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки  Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи дигари  байналмилалӣ барои Ҷоми  Африқо   миёни наврасон, ки  22-23 апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд,  низ медали тилло ба даст оварда буд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни -66 кило бар рақибонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Россия феълан дар шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро  намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Аврупо дар Руминия парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз гардид.

Август 21, 2017 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд