Тақдими либосу лавозимоти мактабӣ ба ятимону бепарасторон

Август 24, 2017 16:47

«Фарзандони оилаҳои камбизоат, кӯдакони бесарпаноҳ ва ятимони кулл пайваста зери ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ,  24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қисмати «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи дониш ва иди саиди Қурбон ба 24 нафар ятимони кулл, кӯдакони бепарастор ва фарзандон аз оилаҳои камбизоат кумаки хайриявӣ  супорида шуд. Ин кумак аз  либосҳо ва лавозимоти мактабӣ иборат буд.

Директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе Дилором Ҳасанова изҳор намуд, ки роҳбарияти муассиса тасмим гирифт, ки чанд нафар дӯстрӯяконро бо либосу ҷиҳози хониш таъмин намояд.

«Боварӣ дорам, ки ин туҳфаи хоксорона дар таълиму тарбияи шумо таъсири хуб мерасонад. Умедворам, ки ҳар яки шумо чун ворисони ин миллати сарбаланд, нигоҳдорандаи сулҳу суботи комил, тарғибгарони тарзи ҳаёти солим ва ватандорони арзанда ба камол мерасед»,-гуфт Дилором Ҳасанова зимни тақдими туҳфаҳо ба кӯдакон.

Август 24, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе