Тақдими туҳфаҳо ба варзишгарони муваффақ ва собиқадорони соҳа

Август 11, 2017 10:05

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ 10 август бахшида ба Рӯзи варзишгарон барномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқот бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дирӯз соати 6:30 дар боғҳои назди Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Сирки давлатӣ, боғи Рӯдакӣ, саҳни бинои Тетри давлатии опера ва балет ва Варзишгоҳи марказӣ беш аз 1000 нафар наврасону ҷавонон машқи пагоҳирӯзӣ намуданд.

Дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»  ифтитоҳи расмии Рӯзи варзишгарон бо иштироки варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш  баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода  варзишгарон ва собиқадоронро ба муносибати иди касбияшон самимона шодбош гуфт.

Дар робита ба ин ид дирӯз дар ҷамъомаде, ки дар ноҳияи Варзоб доир гардид, ба 30 нафар собиқадорони соҳаи варзиш, 30 нафар варзишгарони муваффақ ва 16 нафар собиқадорони соҳаи футбол туҳфаҳои молию пулӣ тақдим гардиданд.

 

 

Август 11, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд