Таҳкими механизмҳои миллӣ дар самти дастгирии занон дар Бонки миллӣ
ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Бонк ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот иштирокчиён мустаҳкам намудани механизмҳои миллӣ дар самти дастгирии занон, ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ дар самти таъмини баробарии ҳуқуқҳои занон ва мардон, таҳия ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ дар самтҳои ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа муҳокима намуданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зикр намуд: «Ифтихор дорем, ки имрӯз занон дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳо ба фаъолияти пурсамар машғул буда, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Шумораи занону духтарон дар Бонки миллии Тоҷикистон 254 нафарро ташкил дода, 34 нафари онҳо дар зинаҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ фаъолият менамоянд ва ин ҳоло натиҷаи ниҳоӣ нест. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд».
Зимни мулоқот ҳамчунин перомуни Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табодули афкор сурат гирифта, иштирокчиён оид ба таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла, роҳ надодан ба тарғиби фарҳангу либоспӯшии бегона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






