«Техникаи муосир – асоси пешрафти кор»: дар шаҳри Кӯлоб озмуни техникӣ доир гардид

Август 5, 2017 09:54

КӮЛОБ, 5.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида  ба Соли ҷавонон дар  Китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб зери унвони «Техникаи муосир –асоси пешрафти кор»  озмун  гузаронида шуд. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимӣ  ва донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ фаъолона ширкат  намуда,  маҳорати баланди эҷодӣ  ва дониши хуби  касбӣ-техникиашонро зимни  истифодаи дурусти компютер ва истифода аз шабакаҳои интернетӣ нишон доданд. Озмун нишон дод, ки  шавқу завқи хонандагон  нисбат ба истифодаи  технологияи муосири  компютерӣ  баланд буда, раванди бебозгашти  гузариш  ба ҷомеаи нави иттилоотӣ  имрӯз  яке аз масъалаҳои  муҳими пешрафти мамлакат гардидааст.

Тавре директори китобхона  Сайҳомид Обидов иттилоъ дод,  мақсади озмун аз равона намудани таваҷҷуҳи ҷавонони имрӯза  ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунар, ҳимояи ватан, рушди илму  технологияи муосир ва ба ин восита баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо иборат буд.

Кормандони китобхона  тасмим гирифтаанд, ки  дар оянда оид ба технологияи иттилоотӣ  озмуну  викторинаҳои шавқовар ташкил намуда, омӯзиши  адабиёти илмии  техникиро  дар байни ҷавонон васеъ ба роҳ монанд.

Август 5, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе