«Тоҷик Эйр» нисбат ба соли гузашта бештар мусофир интиқол додааст

Август 1, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавонавардии  «Тоҷик Эйр»  дар шаш моҳи соли равон қариб ба 160 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки  ин нишондод 107%-ро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки  ин ширкат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 700 нафар бештар мусофир интиқол додааст.

Аз ширкати  «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки афзоиши ҳаҷми интиқоли мусофирон нисбат ба соли гузашта дар натиҷаи самаранок истифода бурдани иқтидори ҳавопаймоҳо, яъне афзоиши бандкунии курсиҳо ба 2,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  ба даст омадааст. Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» дар ин муддат беш аз 460 тонна бору почта интиқол додааст, ки зиёда аз 110 тоннаи онро  маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Алҳол ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро дар хастсайрҳои байналмилалӣ ба Ҳиндустон, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом медиҳанд.  Инчунин аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Бадахшон ба роҳ монда шудаанд.

Август 1, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад