Вакилони Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Фонди саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Август 28, 2017 10:27

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудан илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии  як зумра мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 17 майи соли 2017 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2017, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд.

Созишномаи мазкур аз муқаддима ва 8 модда иборат буда, бо мақсади рушд ва беҳтар гардонидани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд мактаб дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии  як зумра мактабҳои миёна (марҳилаи чорум)  байни Фонди Саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд.

Август 28, 2017 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид