ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ! Ворисони Сино мусобиқоти варзиширо ҷамъбаст карданд
ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқоти варзишӣ бахшида ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 18 август таҷлил мегардад, ҷамъбаст гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, мусобиқот миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифтанд. Мусобиқаҳои мазкур, аз қабили мусобиқаи ёздаҳуми футболи хурд, мусобиқаи панҷуми волейбол байни дастаҳои мардонаву занона, мусобиқаи панҷуми тенниси рӯимизӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ташкил гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқот Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдулозода, сардорони муассисаву идораҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки солимии ҷомеа солимии давлат буда, варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини нигаҳдошти тандурустӣ маҳсуб мешавад.








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






