ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ДЗЮДО СОҲИБИ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГАРДИД!
ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/ Варзишгари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Сантягои Чили ҷараён дорад, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин дар даври муқаддамотӣ бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразил), Петру Паливан (Молдова) ғолиб омад, аммо аз Марк Кристон (Булғория), ки сазовори медали нуқра гардид, шикаст хӯрд. Дар рақобатҳо барои ҷои сеюм паҳлавони навраси тоҷик бар Лан Кукита (Аргентина) ва Байрам Кендемир (Туркия) ғалаба кард. Медали тиллоро дар вазни -66 кило варзишгари Япония Ранто Катсура ба даст овард. Медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Кеган Ёнг шуд.
Аз ҷумҳурии мо дар чемпионати мазкур ба ғайр аз Ҷамолиддин Абдуллоев 4 варзишгари дигар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок доранд. То имрӯз рақобатҳо аз рӯи 4 вазн баргузор шуданд. Ду варзишгари мо – Қурбоналӣ Бозоров ва Разиаллоҳ Лоиқов дар марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило имрӯз, 11 август ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кило фардо, 12 август рӯи гилем мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо барои ба даст овардани медалҳо 9 август шурӯъ шуда, то 13 август идома меёбанд. Дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок доранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






