ВАЗОРАТ НАЗОРАТ МЕКУНАД: вазъи муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд санҷида мешавад
ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиш ва таҳлили вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо ҳайати коршиносони маҳаллӣ ва роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни сафар ҳайати корӣ бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур суҳбату мулоқотҳои корӣ анҷом дод. Ҳайати мазкур аз марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои марказӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақа ва муассисаҳои хусусии тиббӣ дидан намуда, ҳолати инфрасохтор, вазъи санитарию эпидемиологӣ, заминаи моддию техникӣ, таъминот бо мутахассисони тиббӣ, маводи доруворӣ, ва дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳои солимии аҳолиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Инчунин ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои пешбинишуда бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






