Вазорати кишоварзӣ: майдони кишти такрории зироат 970 га зиёд гардид

Август 23, 2017 14:11

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имсол дар ҷумҳурӣ майдони кишти такрории зироати кишоварзӣ 74 ҳазору 490 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 970 га зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 21 август  дар ҷумҳурӣ дар 77 ҳазору 977 га кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 105 %-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти такрории зироати ғалладонагиҳо 33 ҳазору 805 гектарро ташкил медиҳад. Аз он дар 14 ҳазору 604 га ҷуворимакка барои дон, 7843 га шолӣ ва дар 11 ҳазору 358 га дигар намуди ғалладонагиҳо кишт карда шудаанд.

Инчунин дар майдони 193 га картошка, 8419 га сабзавот, 3249 га  полезиҳо, 1928,8 га зироати техникӣ ва дар 30 ҳазору 382 га алаф барои хӯроки чорво кошта шудааст.

Август 23, 2017 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад