Восеъ: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯ ба афзоиш аст

Август 29, 2017 12:26

ВОСЕЪ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ 27 адад  корхонаҳои хурду  миёнаи  саноатӣ  фаъолият менамоянд, ки  қисми зиёди онҳо  ба коркарди  ашёи хоми маҳаллӣ  нигаронида шудаанд.

Бино ба иттилои  мудири бахши  рушди иқтисод  ва савдои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Суҳроб Азимов,    17 адади ин корхонаҳо ба таври мавсимӣ  фаъолият намуда, истеҳсоли маҳсулотро сол аз сол  зиёд менамоянд.  Дар корхонаҳои саноатӣ  асосан  коркарди пахта, истеҳсоли намаки ошӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворию қаннодӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ  ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия дар давоми  нимсолаи  аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ  ба 27 миллиону 694 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2 миллиону 715 ҳазору 700 сомонӣ  зиёд буда, 110,9 %-ро ташкил медиҳад.

Август 29, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад