Ёвон: ба 400 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим гардид

Август 22, 2017 13:58

ЁВОН, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини хонандагон бо  либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ  82 адад муассисаҳои  таълимии ноҳияи Ёвон бо корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии ҶСК «Бофандаи Норак», ҶСК «Раббонӣ» ва КВД «Маркази ҷавонон» шартномаи дутарафа баста, то имрӯз 13 ҳазору 273 нафар хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд.

Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҳматулло Зубайдов,  дар ин давра аз ҳисоби кумаки хайриявии  раиси ноҳия ба 400 нафар хонандагони ятиму аз оилаҳои камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим намуданд. Аз ҳисоби коргоҳҳои  хурди муассисаҳои таълимӣ ва   миёнаи касбии ноҳия 552 нафар хонандагон  бо либоси мактабӣ таъмин гардиданд.

Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон тасмим гирифтаанд, ки дар соли таҳсили 2017-2018  25 ҳазору 900 нафар хонандагонро дар асоси шартномаи тарафайн   бо либоси баландсифати мактабӣ таъмин намоянд. Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар бозорҳои ноҳия ва мағозаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

 

Август 22, 2017 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад