Занҳои ҳунарманди Хатлон дар Ӯзбекистон табодули таҷриба ва бозомўзӣ карданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон 14 нафар занони ҳунарманд, ки 11 нафарашон аз вилояти Хатлон мебошанд, ба Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар карда, давоми як ҳафта табодули таҷриба ва бозомўзӣ намуданд.
Тавре аз Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи «Соҳибкории бонувон- воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» дар шаҳру ноҳияҳои Қўрғонтеппа, Бохтар, Вахш, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Ҷайхун ва Шаҳритусу Қубодиёни вилояти Хатлон амалӣ мегардад.
Зимни сафари омўзишӣ занони ҳунарманди Тоҷикистон дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанду Бухоро ва Марғелон бо намояндагони Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Ўзбекистон, ҳунармандону соҳибкорзанони фаъол вохўрда, мубодилаи афкор ва таҷриба намуданд.








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






