Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрӣ ва боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи абрнок шуда, дар доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири моҳи сентябр боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 21 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст шуда, гармӣ рӯзона ба 34 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона ба 34 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шуда, ҳарорат дар ғарб 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи вилоят пас аз боридани барф ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, гармӣ дар ин мавзеъ ба 14 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






