Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: ҳарорат дар баъзе минтақаҳои мамлакат рӯ ба пастшавӣ меорад
ДУШАНБЕ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 11 сентябр дар бештари минтақаҳои мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо аз 2 то 3 дараҷа паст мегардад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23-28 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 10-15 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 11-13 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






