Анна Митянина дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Оташи абадӣ дар «Боғи Ғалаба» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорону аҳли фарҳанги Санкт-Петербург дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Оташи абадӣ дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе иштирок намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонон баъди гулгузорӣ тибқи барномаи тарҳрезишуда ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар панҷ нафар табибони соҳаҳои гуногуни шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин, ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева, неонатолог Екатерина Харитонова дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ҳамкасбони душанбегии худ дар мавзӯи навтарин дастовардҳои илми тиб, истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои ба он марбут мубодилаи афкор намуда, бо ҳайати профессорону докторони тибби маҷмааи мазкур, табибони беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд.
Ҳайати меҳмонон баъди вохӯрӣ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ёдгории таърихӣ – «Қалъаи Ҳисор» боздид менамоянд.










Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






